Фарзона Иноят Хоҷаева
Фарзона Иноят Хоҷаева -дорандаи унвони олии "Шоири халқи Тоҷикистон", Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Турсунзода (1995) ва ҷоизаи ҷавонони вилояти Суғд (1995) (1995), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008).
Фарзона Юнусовна Иноят Хоҷаева 3 ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи омӯзгорон таваллуд шудааст ва чанде дар рӯзномаи "Ҳақиқати Ленинобод" фаъолият доштааст. Маълумоти миёнаву олиро дар зодгоҳаш фаро гирифта, дар хонаводаи зиёиён тарбият ёфта, аз кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ шавқу пайванди тамоме доштааст ва бо сабку салиқа ва садои хоси эҷодӣ вориди майдони адабиёт гардидааст. Баъди хатми мактаби миёна дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд таҳсил намуда, дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ва маҷаллаи «Хуҷанд» фаъолият бурдааст. Ҳоло мушовири бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ ва маҷаллаи «Паёми Суғд» аст.