close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
fariduddini-attor.PNG

Фаридуддини Аттор

Шайх Фаридуддин Муҳаммад ибни Иброҳими Аттор, маъруф ба Аттор номи аслиаш — Абуҳомид Фаридуддин Муҳаммад ибни Абубакр ибни Иброҳими Нишопурӣ — ориф, файласуф ва суханвари бузурги адабиёти форс-тоҷик, шоири мутасаввиф.
Аттор соли 1145 дар деҳаи Кадкани музофоти Нишопур таваллуд шудааст ва соли 1221 дар Нишопур аз олам чашм пушидааст. Номаш Муҳаммад, бо тахаллуcҳои «Аттор» ва «Фарид» шеър мегуфт. Падараш Абубакр ибни Иброҳим ва гузаш­тагонаш асосан бо атторӣ (дорусозию доруфурӯшӣ) ва табибӣ умр ба сар бурдаанд ва Аттор тахаллус карданаш низ аз ҳамин ҷост. Падари Аттор умри дароз дида, зоҳиран то он замон, ки шоир «Асрорнома»-ро ба назм медаровард, дар қайди ҳаёт будааст. Модари Аттор зани порсо, покдил, босавод, аҳли маънӣ буд ва гӯё парвариши рӯҳонии ӯ писарашро «Аттор» кардааст. Аттор аз кӯдакӣ дар назди волидайн, бахусус модари хушхаттусаводаш, ба таълиму донишомӯзӣ пардохта, дар баробари аз улуму фунуни адабӣ, ҳикмату калом, нуҷум, тиб, дорушиносӣ, улуми динӣ, монанди тафсир, ривоёту аҳодис, фиқҳ ва ғайра суди комил бардоштан, пайваста ба доруфурӯшӣ ва табибӣ машғул гардидааст. Сарфу наҳви арабиро хуб медонист, бо Қуръон, адабиёти араб ва назарияи адабиёт, илми шеър ошноии комил дошт.

Китобҳои муаллиф

  • Мантиқу -т тайр ва  Асрорнома

    Мантиқу -т тайр ва Асрорнома

    Фаридуддини Аттор