Доро Наҷот
Доро Наҷот соли 1946 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ дида ба ҷаҳон кушуд. «Соҳиби кӯҳсор» аввалин дафтари шеъри ӯст, ки дар соли 1979 ба чоп расид. Баъдан маҷмӯаҳои ашъори худро ба унвони «Шабнам» (с.1983), «Дарав» (с.1986), «Хирмани маҳтоб» (с.1989), «Тулӯъе дар ғуруб» (с.1998), «Дар он сӯи хобҳо» (с.2000), «Маҳтобе хамида дар рукӯъ» (с.2006). «Рӯйиш аз сукут» (с.2006), «Як кашкул ишқ» (с.2010) мунташир кард. Дар соли 1999 Ҷоизаи адабии Мирзо Турсунзода ва соли 2010 Ҷоизаи давлатии Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дарёфт намуд. Ду китоби ашъораш бо номҳои «Лашкаркаши ишқ (с.2005) ва «Дар кӯчаи Лайлӣ» (с.2009) дар Ҷумҳурии Исломии Эрон интишор ёфт. Доро Наҷот низ ду асари таҳқиқӣ бо номҳои «Шайх Абулқосими Гургонӣ» (с.1999) ва «Ҳумои раҳмат»-ро ба чоп расонд. Асари тозаи ӯ бо унвони «Фарҳанги Доро» (фарҳанги гузидаи тафсирии забони форсии тоҷикӣ)-ро соли 2012 иштишороти «Пайванд» ба табъ расонд. Доро Наҷот аз пешсафони шеъри сапед дар Тоҷикистон аст. Муҳаққиқони эронӣ ӯро бунёнгузори шеъри мудерни тоҷикӣ унвон кардаанд.