Диловари Мирзо
Диловари Мирзо (Талабзода Диловари Мирзо) 8 марти соли 1956 дар деҳаи Нимичи ноҳияи Рашт ба ҷаҳон омадааст. Соли 1977 факултаи педагогика, соли 1983 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Қандил Ҷӯраевро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси омӯзгор оғоз намуда, солҳои 1989-1992 хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият») будааст. Соли 1992 дар Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ба фаъолият пардохта, солҳои 1995-1999 дар рӯзномаи ноҳиявии «Оинаи Рашт», солҳои 1999-2007 дар шуъбаи маорифи ноҳия кор кардааст. Аз январи 2008 то феврали 2012 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, аз феврали 2012 мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур будааст. Аз соли 2012 котиби масъули бахши Рашти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Аз соли 1995 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 2002 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.