close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
dilafruz-qurboni.jpg

Дилафрӯз Қурбонӣ

Дилафрӯз Қурбонӣ Авазовна — нависанда ва рӯзноманигори тоҷик, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Қурбонӣ Дилафрӯз 2 июли соли 1981 дар деҳаи Душанбеи ноҳияи Фархор ба дунё омадаст. Айёми тифлию наврасияшро дар ҳамон ҷо паси сар кардааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами № 52 ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷат супорида, пас аз таҳсил соҳибихтисос мегардад. Барои идома додани таҳсил, ба Душанбе раҳсипор мешавад. Дар Донишгоҳи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи М. Турсунзода дохил шуда, ҳамзамон дар ансамбли эстрадии «Гулшан» ба фаъолияти сарояндагӣ шурӯъ мекунад. Дар ҷамъомадҳову чорабиниҳои давлатӣ ширкати фаъолона менамояд. Новобаста ба душвориҳои донишҷӯӣ чанд суруду оҳанг сабт кардаву ба навор мегирад. Дар барномаҳои театрӣ низ худашро санҷида, нақшофарӣ намудааст. Чандин муддат аст, бо пеш омадани шароити мусоид қаламро дӯсту ҳамнафаси хеш қарор дода, ба навиштану эҷод машғул аст. Мусоҳибаву мақолаҳо, достонҳову ҳикояҳояш дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла «Фирӯза», «Адабиёт ва санъат», «Ҷумҳурият», «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Чархи гардун», «Оила», «Дишидак», «Роҳнамои хонавода» ва ғайра, пайваста рӯи чоп меоянд. Ба узвияти Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Китобҳои муаллиф

  • Китоби орзуҳо

    Китоби орзуҳо

    Дилафрӯз Қурбонӣ