close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
bozor-sobir.jpg

Бозор Собир

Бозор Собир 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба ҷаҳон омадааст. Бино бар бемаҳал аз падар маҳрум мондан дар мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор тарбият ёфтааст. Баъди як соли ба сифати китобдор кор кардан, соли 1957, вориди факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1962 хатмаш намудааст. Муддате тарҷумони мутахассисони шӯравӣ дар Афғонистон, сипас мудири шуъбаҳои назми рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Садои Шарқ», солиёне мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Соли 1990 депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Китобҳои муаллиф

  • Лолаи сиёҳ

    Лолаи сиёҳ

    Бозор Собир