Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода 15-уми майи соли 1910 дар Сорбоғ, ки яке аз деҳаҳои зеботарини ноҳияи Рашт ба ҳисоб меравад, ба дунё омадааст. Дар давраи кӯдакӣ, бо амри тақдир, падари ӯ аз сар рафт. Баъди марги падар Боқӣ муддате дар хонаи амакҳояш Миразизу Мирзораҳим умр ба сар бурда, бо ёрии онҳо ӯ дар мактаби куҳнаи деҳаашон савод омӯхт. Боқӣ, ки худ табиатан бачаи зираку донишдӯст буд, дар муддати ниҳоят кӯтоҳ асосҳои саводи мактаби куҳнаро аз худ намуд. Вай аз хурдсолӣ ба шеъру шоирӣ рағбати зиёд дошт, девони ғазалиёти Саъдию Ҳофизро пайваста меомӯхт.