Бобораҷаби Сабурӣ
Бобораҷаби Фатҳиддин Сабурӣ зодаи рустои Бобосурхони Ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор буда, соли 2013 ба риштаи суханшиносии ДМТ дохил шудааст. Чакидаҳои хомааш бо номҳои «Диёри сарсабз» (2019), «Шохаи гул» (2012), «Ибтидо» (2012), «Тифли баҳор» (2013), «Чилчароғ» (2017) пешакши хонандагон гардидааст. Ӯ омузгор ва мушовири Маркази санъат ва эҷодиёти кӯдакони шаҳри Ҳисор мебошад.