Бобоҷон Ғафуров
Ӯ 18 (31) декабри соли 1908 дар деҳаи Исфисори ноҳияи Хуҷанд таваллуд шуда аст. Арбоби ҳизбии шӯравӣ, узви ҳизби коммунист аз с. 1932, таърихшинос–шарқшинос, академики Академияи улуми Тоҷикистон (аз соли 1950). Узви Алал-ул-бадал (аз с. 1958), академики Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (аз с.1968) буда, соли 1935 Институти журналистикаи коммунистии Умумииттифоқиро хатм карда, чанде омӯзгор буд, дар мактабҳои олии Тоҷикистон дарс гуфт, бо журналистика сарукор дошт. Солҳои 1941-1944 Котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба мафкура, солҳои 1944-46 Котиби дуюм ва аз соли 1946 то 1956 Котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 1956 директори Институти Шарқшиносии АИ СССР таъин гардид. Осораш оид ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна ва ислом аст. Иштирокчии Анҷуманҳои 19 ва 20 Ҳизб ва узви КМ Ҳизби Коммунист, Вакили Шӯрои Олии СССР даъвати 5 ва 7-ум буд. Дорандаи мукофоти ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳруст (1968). Бо 6 ордени Ленин, Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва нишонҳо мукофотонида шудааст. Асарҳои пурмӯҳтавои он кас, аз ҷумла «Тоҷикон ва талошҳои таърихии онҳо барои озодии Ватан» (якҷоя бо Н.Прохоров, 1944 ба забони русӣ), «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» (1947), ҳамин асар ба забони русӣ (с. 1955), «Баъзе масъалаҳои сиёсати миллии КПСС» (1959), «Рӯзҳои охирини ҷонкании мустамликадорӣ» (1963), «Инқилоби Кӯшониён ва тамаддуни ҷаҳонӣ» (1968) ва ниҳоят асари бузургашон «Тоҷикон» ки ба чандин забони халқҳои олам тарҷума шуда, дар ҷаҳон ғулғула андохтааст, барои бани башар мероси арзандае мебошад. Дар бораи муаллифи дуюми ин китоб (Н.Прохоров) маълумоте пайдо нашуд.