Атахон Сайфуллоев
Атахон Сайфуллоев (01.05.1933 - 17.03.2017, Хуҷанд) — адабиётшинос, нависанда, шоир, доктори илмҳои филологӣ (1979), профессор (1983). Ходими шоистаи фарҳанги ҶШС Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони ҶШС Тоҷикистон (1963). Муаллифи бештар аз 1000 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла тадқиқотҳои таърихӣ-адабӣ доир ба эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ, Т.Асирӣ, С.Айнӣ, М.Турсунзода, Ҳ.Карим, Ҷ.Икромӣ, Р.Ҷалил, А.Шукуҳӣ, Ф.Мухаммадиев, П.Толис ва дигарон, ҳамчунин проблемаи таъсири мутакобилаи адабиётҳои миллиро ба тадқиқ гирифтааст. Яке аз муаллифони асари шашҷилдаи «Таърихи адабиёти шӯравии тоҷик» ва «Таърихи адабиёти сермиллати шӯравӣ» (Маскав), муаллифи повест ва очеркҳои бадеӣ, тарчумони романи С.Баруздин «Такрори дарсҳои гузашта», очеркҳои М.Котов ва тадқиқоти Г.Ломидзе «Оҳанги интернатсионалӣ дар адабиёти шурави» мебошад. Як силсила мақолаҳояш дар Маскав, Киев, Минск, Алмаато, Бишкек, Тошканд ва Афғонистон ба чоп расида, қисме аз онҳо ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ тарҷума шудаанд. Таҳти рохбарии С. ҳафт нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд.