Аскар Ҳаким
10 октябри соли 1946 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби №12 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар идораи Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пас аз хатми аспирантураи МГУ ба номи Ломоносов ва дарёфти унвони номзади илми филология (с.1974), дар вазифаҳои ходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, мушовири адабии Иттифоқи нависандагон, муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», котиби садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» (1980-1990), Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1991-2003), ҳамзамон муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон (2000-2005), мудири Котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009-2011) хидмат кардааст.