Анварии Абевардӣ
Авҳадуддини Алӣ ибни Муҳаммад ибни Исҳоқи Анварӣ, маъруф ба Анварии Абевардӣ — шоири форс-тоҷик.
Абеварди соли 1105 дар Хуросон таваллуд шудааст ва соли 1187 дар Балхи Афғонистон даргузаштааст. Дар мадрасаи Мансурияи Тус, ки асосгузори он Низомулмулк буд, илмҳои гуногуни замон — нуҷум, риёзиёт, мантиқ, ҳандаса, тиб, мусиқӣ, ҳикмат ва фалсафаро омӯхт ва чун олим машҳур гардид. Ба шеъргӯӣ ҳангоми таҳсил дар мадраса шурӯъ кард. Шеърҳои нахустинашро бо тахаллуси «Ховарӣ» навиштааст. Анварӣ баъди вафоти падар аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашид ва маҷбур шуд ба хидмати дарбори Султон Санҷар (ҳукмр. 1118—1957) рӯй биёварад. Дар муҳити дарбор зиндагии Анварӣ хуш намегузашт, бинобар ин ӯ соли 1150 хидматро тарк карда ба шаҳри Нишопур рафт. Дар ин ҷо ҳам Анварӣ осудаҳол зиста натавонист, зеро соли 1153 қабилаи ғузҳо ба қаламрави Салчуқиён ҳуҷум карда, Султон Санҷарро ба асирӣ гирифтанд, мардумро қатлу ғорат намуданд. Қасидаи машҳури Анварӣ «Ашкҳои Хуросон» бар асари ҳамин ҳодисаҳо гуфта шудааст.