close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
amir-husravi-dehlavi.JPG

Амир Хусрави Деҳлавӣ

Амир Хусрави Деҳлавӣ соли 1253 дар шаҳри Патёлии соҳили дарёи Ганг ба дунё омадаст. Шоир ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон мебошад. Падари ӯ Сайфуддин Маҳмуд бо оилааш дар арафаи истилои муғул аз шаҳри Кеш (ҳозира Шаҳрисабз) ба Ҳиндустон фирор кард. Хусрави Деҳлавӣ дар 20- солагӣ таҳсили илмҳои расмии замонашро ба поён расонда, дар дарбори ҳокимони Банголаю Деҳлӣ дар вазифаҳои гуногун хизмат кардааст. Хусрави Деҳлавӣ аз 7-8 солагӣ ба шеъргӯи пардохта,дар 12- солагӣ шеърҳои пухта гуфтааст. Дар шеърҳои аввалинаш «Султонӣ» тахаллус доштааст. Зиндагии Хусрави Деҳлавӣ дар яке аз давраҳои хеле ноором ва пур аз кашмакашиҳои сиёсии Ҳиндустон гузаштааст.Ӯ шоҳиди бевоситаи бисёре аз ин ҳодисаҳо буда, қисми зиёди онҳоро дар осори худ иникос кардааст. Шоир 52- соли ҳаёташро дар муҳити адабии дарбор ва хизмати ҳокимону султонҳо гузаронида, қабоҳати ҳаёти феодалӣ ва дасисакориҳои дарбориёнро бо чашми худ дидааст. Хусрави Деҳлавӣ бо вуҷуди номусоидии рӯзгор ва гирифториҳои муҳити дарбор аз худ осори гаронбаҳои манзуму мансури зиёде боқи гузоштааст. Муаллифони сарчашмаҳои адабӣ нависандаи ниҳоят сермаҳсул ва соҳиби таълифоти бисъёр будани ӯро таъкид намуда, мероси бадеиашро ба «баҳри беканора» монанд кардаанд. Хусрави Деҳлавӣ қариб дар тамоми навъҳои маъмули шеъри классикӣ, аз қабили ғазал, қасида, рубой, қитъа, тарҷеъбанд, таркиббанд, маснавӣ ва ғайра асарҳо манзуму хурду калони зиёде офарида, доир ба масъалаҳои таърих, тасаввуф, назарияи назму наср, сабки адабию санъатҳои бадеӣ, инчунин дар фанни мусиқӣ як қатор китобу рисолаҳои пурқимати илмӣ таълиф намудааст.

Китобҳои муаллиф

  • Ғазалиёти Деҳлавӣ

    Ғазалиёти Деҳлавӣ

    Амир Хусрави Деҳлавӣ