Аминҷон Шукӯҳӣ
Аминҷон Шукӯҳӣ (Ҳоҷибоев) 10-уми июни соли 1923 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Курсҳои муаллимиро гузашта, дар мактабҳои Хуҷанд аз забон ва адабиёти тоҷик дарс додааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сафи кормандони Умури дохила кор кардааст. Аз соли 1947 ба кори рӯзноманигорӣ гузашта, ба ҳайси мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» шуғл варзидааст. Соли 1955 факултаи рӯзноманигории мактаби олии ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттифоқи Советиро дар шаҳри Маскав хатм намуда, муҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони Советӣ» таъйин шуд. Соли 1961 котиби раёсат, баъдтар муовини садри Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гашта, кор кардааст. Аз соли 1967 то соли 1976 Раиси Кумитаи радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон буд. Пас аз он танҳо ба кори эҷодӣ машғул шудааст. Шеърҳои аввалини Аминҷон Шукӯҳӣ соли 1942 дар рӯзномаи вилоятии «Стахановчӣ» чоп шудаанд.