close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
amini-bahmanior-arabzoda.png

Аминӣ Баҳманёр Арабзода

Аминӣ Баҳманёр Арабзода 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷекенти вилояти Суғд чашм ба олам кушодааст. Падару модараш деҳқони одӣ буданд. Мактаби миёнаро дар ҳамин шаҳр ба итмом расонида, соли 1972 донишҷӯйи бахши арабии факултаи Ховаршиносӣ гашт. Пас аз хатми донишгоҳ соли 1977 ба унвони муҳандиси тарҳрез(инжинер-методист) дар Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография машғули кор шуд. Соли 1981 ба рӯзномаи навтаъсиси “Маданияти Тоҷикистон” ҳамчун рӯзноманигори бахши ҳунар ба кор даъват гардид.
Аз соли 1983 то соли 1985 дар Либиё ба сифати тарҷумон аз русӣ ба арабӣ ва аз арабӣ ба русӣ адои хизмати ҳарбӣ намуд. Пас аз бозгашт ба Ватан дар рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон”, ки ба ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” табдили ном карда буд, корро идома дод.

Китобҳои муаллиф

  • Сармаддеҳ, Шоҳаншоҳ

    Сармаддеҳ, Шоҳаншоҳ

    Аминӣ Баҳманёр Арабзода