Алидоди Чароғабдол
Алидоди Чароабдол 14 феврали соли 1960 дар деҳаи Тусиён ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро соли 1981 бо ихтисоси китобдор – китобшинос хатм кардааст. Солҳои 1982-1983 дар сафи Артиши ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст. Соле чанд дар вазифаи мудири шӯъбаи методии китобхонаи вилоятӣ буда, аз моҳи августи соли 1998 то кунун сарварии Китобхонаи вилоятии ВМКБ-ро ба ӯҳда дорад. Дар як вақт устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ мебошад. Намунаҳои ашъораш дар китобҳои дастҷамъии «Тулӯъгоҳи офтоб», «Нури зиё», «Нерӯи қалб», «Корномаи падарон», «Тазкираи адибони Бадахшон», маҷаллаю рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба табъ расидаанд. Яке аз мураттибони «Тазкираи адибони Бадахшон» аст. «Сабоҳи мардон» нахустмаҷмӯаи Алидоди Чароғабдол аст.