Аҳмадова Муаззама
Муаззама Аҳмадова 20 феврали соли 1952, дар деҳаи Қалъачаи Мазори ноҳияи Исфара ба дунё омада, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм кардааст. Баъд аз хатми донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) дар мактаби ҳаштсолаи деҳааш омӯзгори фанни ҷуғрофия буд. Аз соли 1979 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон») ҳамчун мухбири ғайриштатӣ фаъолият намуда, аз соли 1981 то охири ҳаёташ (феврали соли 1988) корманди рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» буд. Ҳикояҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», маҷаллаҳои «Машъал», «Фирӯза» ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустинаш «Соҳиби аспи сафед» соли 1986 аз чоп баромадааст.