Аҳмади Дониш
Аҳмад Маҳдуми Дониш — яке аз нависандагон ва маорифпарварони машҳури тоҷик буда, тақрибан соли 1826 дар Бухоро дар оилаи Мулло Мир Носир зода шудааст. Падари вай аслан аз тумани Шофирком буда, барои таҳсили мадраса ба Бухоро омада, дар ҳамин ҷо хонадор мешавад.
Аҳмади Дониш таҳсили ибтидоиро дар мактаби хусусии модараш гирифта, тахминан солҳои 1842 - 1843 ба мадраса дохил шудааст. Аҳмади Дониш аз синни хурдсолӣ ба шоърӣ, рассомӣ, наққошӣ ва хаттотӣ шавқу ҳаваси калон дошт. Аҳмади Дониш тахминан соли 1855 ба дарбори амир Насрулло роҳ меёбад ва меъмору муҳандиси дарбор таъйин мегардад. Соли 1857 Аҳмади Дониш дар ҳайати сафорати аморати Бухоро ба Петербург меравад. Соли 1869 баъди аз забт шудани Осиёи миёна аз тарафи Русия, маротибаи дуюм Дониш ба Петербург сафар мекунад. А. Дониш дар ин сафараш тараққиёти кишвари Русияро нағз меомӯзад. Орзуи Дониш ин буд, ки Бухорои феодалӣ низ кишваре пешрафта гардад. Дар охир аз дарбор дур шуда, солҳои 1875 — 1882 "Наводирулвақоеъ"-ро менависад. Дар ин асар дар бораи сафараш ба Петербург навиштааст. Аҳмади Дониш соли 1897 дар шаҳри Бухоро вафот кардааст. Дониш аз худ мероси адабӣ ва илмӣ боқи гузоштааст. Аз ҷумла асарҳои "Манозирулқавокиб", "Рисола фи аъмолилқурра", "Таодули хамсаи муттахайира", "Наводирулвақоеъ" ва ғайраҳо.