close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
abulqosim-lohuti(1).png

Абулқосим Лоҳутӣ

Устод Абулқосим Аҳмадзода Лоҳутӣ 4 декабри соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон зода шудааст. Тангии маишати хонавода водораш намудааст, ки аз овони кӯдакӣ худро дар оғӯши меҳнат бинад. Аввалҳо ба касбу кори падараш (гевакашӣ) ёрӣ дода, баъдтар дар дӯконҳои оҳангарӣ ва челонгарӣ шогирдӣ кардааст. Дар ҳамон айём тавассути қиссахонҳое, ки дар растаю бозорҳо «Шоҳнома»-хонӣ мекарданд, бо намунаҳои осори безаволи Фирдавсӣ шиносо гардида, таъсири каломи мавзун ва суханҳои латифу ҳакимонаро эҳсос кардааст. Падараш, ки табъи баланди шоирӣ дошта, бо тахаллуси «Илҳомӣ» шуҳрат ёфтааст, гоҳо шеърҳои сӯфиёнаи худу гоҳи дигар ғазалҳои Саъдию Ҳофизро барояш мехондааст.

Китобҳои муаллиф

  • Куллиёт, ҷилди 2

    Куллиёт, ҷилди 2

    Абулқосим Лоҳутӣ

  • Ашъори  Мунтахаб

    Ашъори Мунтахаб

    Абулқосим Лоҳутӣ