close

Маркази Хирад
Барномаи андроид

Скачать
menu
abulqosim-firdavsi.JPG

Абулқосим Фирдавсӣ

Ҳаким Абулқосим Мансур Ҳасан Фирдавсии Тӯсӣ — шоири форсу тоҷик. Сарояндаи «Шоҳнома» — ҳамосаи миллии мардуми эронитабор ва яке аз бузургтарин шоъирони порсигӯй аст.
Абулқосим лақаб ва Фирдавсӣ тахаллуси шоир аст. Вай 18 декабри соли 932 таваллуд шудааст. Волидон ӯро Мансур ном ниҳода буданд. Зодгоҳи ӯ деҳаи Божи ноҳияи Табарони вилояти Тӯс будааст, ки ҳоло ба вилояти Хуросони Эрон дохил мешавад. Бож деҳе бузург буда, аз он, ба қавли Низомии Арӯзии Самарқандӣ (асри XII), ҳазор мард берун меомадааст. Падари Фирдавсӣ Ҳасан ном дошт ва аз деҳгонон (деҳқонон)-и Тӯс ба ҳисоб мерафт. Дар он замон табақаи давлатманду заминдор ва аъёну ашрофро деҳқон мегуфтанд. Бинобар ин шароити моддӣ имкон дод, ки Мансури ҷавон ба таҳсили илмҳои гуногун пардозад ва маълумоти хубе гирад. Аз Шоҳнома пайдост, ки Фирдавсӣ ғайр аз забони форсии модариаш боз аз забонҳои арабӣ ва паҳлавӣ огоҳии комил доштааст. Адабиёти форсиву арабӣ, таърих, илоҳиёт, ҳикмат (фалсафа) ва амсоли инҳоро хуб медонистааст. Баъдан, ӯро бо унвони ифтихории Ҳаким ёд кардан гувоҳи он аст, ки Фирдавсӣ то ба дараҷаи донишманди забардасте расидааст.

Китобҳои муаллиф

  • Шоҳнома Ҷилди I

    Шоҳнома Ҷилди I

    Абулқосим Фирдавсӣ

  • Шоҳнома Ҷилди II

    Шоҳнома Ҷилди II

    Абулқосим Фирдавсӣ

  • Шоҳнома Ҷилди III

    Шоҳнома Ҷилди III

    Абулқосим Фирдавсӣ

  • Шоҳнома Ҷилди IV

    Шоҳнома Ҷилди IV

    Абулқосим Фирдавсӣ

  • Шоҳнома Ҷилди V

    Шоҳнома Ҷилди V

    Абулқосим Фирдавсӣ

  • Шоҳнома Ҷилди VI

    Шоҳнома Ҷилди VI

    Абулқосим Фирдавсӣ

  • Шоҳнома Ҷилди VII

    Шоҳнома Ҷилди VII

    Абулқосим Фирдавсӣ

  • Шоҳнома Ҷилди VIII

    Шоҳнома Ҷилди VIII

    Абулқосим Фирдавсӣ

  • Шоҳнома Ҷилди IХ

    Шоҳнома Ҷилди IХ

    Абулқосим Фирдавсӣ

  • Шоҳнома Ҷилди Х

    Шоҳнома Ҷилди Х

    Абулқосим Фирдавсӣ