Аброр Зоҳир
Нависандаи болаёқат Аброр Зоҳир 15 январи соли 1965 дар Сарбанд дида ба ҷаҳони равшан кушодааст. Фориғуттаҳсили (соли 1989) факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аст. Солҳои 1989-1992 нозир ва мудири шӯъбаи кумитаи комсомоли вилояти Қурғонтеппа, 1993-1994 мудири шӯъбаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», 1994 -1999 ёвари раис, сардори раёсати иттиҳодияи «Тоҷиккино», 1999-2000 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, 2000-2004 директори Телевизиони Тоҷикистон, 2004-2005 директори киностудияи «Тоҷикфилм», 2005-2007 сармутахассиси шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2007-2011 директори Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Лоҳутӣ кор кардааст. Аз соли 2012 директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе буд. Ӯ 23 ноябри соли 2015 дунёро падруд гуфтааст.