Абдураҳмон Ҷомӣ
Нуриддин Абдураҳмон ибни Аҳмади Ҷомӣ (Маъмул ба Абдураҳмони Ҷомӣ) — шоири барҷастаи адабиёти классикии форсу тоҷик. Номи асосии ӯ Абдураҳмон, бо тахаллуси Ҷомӣ дар тамоми дунё машҳур гардидааст.
Нуриддин Абдурахмони Ҷомӣ 7 ноябри соли 1414 дар деҳаи Харгарди вилояти Ҷом, наздикии шаҳри Нишопур ба дунё омадааст. Падар ва бобои Ҷомӣ мардони бофазлу дониш буданд. Ҳангоме, ки Ҷомӣ 11 - сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷом ба Ҳирот меоянд. То ин дам Абдураҳмон дар Ҷом, дар назди падараш Низомиддин Аҳмад хату саводи пурра бароварда, инчунин сарфу наҳви забони арабиро низ то андозае аз худ карда буд. Дар ин бора яке аз шогирдони вафодори Ҷомӣ Абдулғафури Лорӣ чунин менависад: «Рӯзе сухан аз устодон ва муаллимони ҳазрати эшон (Ҷомиро дар назар дорад) дар миён афтод, фармудаанд, ки мо ба ҳақиқат шогирди падари худем, забон аз вай омӯхтаем».