Абдунабӣ Сатторзода
Абдунабӣ Сатторзода 27 феврали соли 1941 зода шудааст. Профессор А. Сатторзода яке аз тартибдиҳандагони маҷмӯаи санадҳои «Пайки Оштӣ» (Душанбе, 1998), тарҷумони «Меморандумҳо ва эъломияҳои муколамаи тоҷикон дар чаҳорчӯбаи Конфронси Дартмут» (Москва, 1997) ва китоби Ҳ. Сандерс ва Г. Чуфрин «Раванди сулҳи омма дар амал» (Душанбе, 1998, Дипломатияи муосири тоҷик (2006) (бо Талбак Назаров) аст. Миқдори мақолаву рисолаҳои илмӣ ва адабиаш аз 160 зиёд буда, дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон аз он ҷумла дар Эрон, Афғонистон, Амрико, Шветсия, Русия, Қазоқистон, Озорбойҷон, Украина, ӯзбекистон ва ғайра нашр шудаанд. Мавсуф донандаи забонҳои форсӣ (дарӣ), русӣ ва узбекӣ буда, ба забони англисӣ мехонад ва суҳбат мекунад. Абдунабӣ Сатторзода барои хидматҳои арзандааш дар барқарории Сулҳу субот дар кишвар бо фармони Раиси Ҷумҳур бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.